Ошкори “сейфдуздӣ”-ҳо дар Душанбе: Афвшудаҳо даст доранд...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини ҷавони шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар “сейф”-дуздиҳо даст доранд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ба идораи милисаи ноҳияи Шоҳмансур хабар расид, ки 28-уми январи соли равон шахсони номаълум аз дорухонаи зани 50-сола дар Душанбе ҷевони оҳанин бо маблағи 3 ҳазору 600 сомонӣ дуздидаанд: "Дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муттаҳамон - мардҳои 26 ва 27-сола боздошт гардиданд, ки дар гузашта барои дуздию қаллобӣ суд шудаанд".
ВКД мегӯяд, инчунин муайян гардид, боздоштшудаи 26-сола санаи 11-уми январи соли ҷорӣ дар “сейф”-дуздии дигар ҳам даст доштааст: “Ӯ аз дохили нуқтаи чиптафурӯшии соҳибкор, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Н.Муҳаммад як адад компютери тамғаи “МР” ва сандуқи оҳанинро бо арзиши 3 ҳазору 500 сомониро дуздидааст”.
Ба иттилои манбаъ феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.