ВИДЕОИ эътирози муҳоҷирону пӯписаи корфармо: Ин ҳақро дар Тоҷикистон дорӣ...
Муҳоҷирони меҳнатии метросоз аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, ки 5 моҳ боз маошашонро нагирифтаанд, охири ҳафтаи гузашта дар Маскав даст ба тазоҳурот задаанд.
Корфармоҳо мегӯянд, муҳоҷирон чунин ҳақро надоранд дар хитоб ба эътирозгарон дӯғу пӯписа заданд, ки “чунин ҳуқуқро дар Тошканду Тоҷикистон доред”.
Тибқи навори нашршуда аз макони тазоҳурот корфармоҳо дарро ба рӯи муҳоҷирон баста ба ҷои ҳодиса кормандони пулисро даъват намуданд. Маъмурини пулис ба муҳоҷирон ҳушдор доданд, “барои он, ки ягон мушкил дар кор ва будубошатон дар Русия ба вуҷуд наояд, ин маконро тарк кунед”.
Муҳоҷирон мегӯянд, корфармоҳо боз ваъда доданд, ки маошашонро то 5-уми март пардохт мекунанд, аммо ин бори аввал нест, ки ваъда медиҳанду иҷро намекунанд.