Муҳоҷирони тоҷик аз ҳисоби “квота”-и Русия ҳаҷ мераванд?
Шӯрои муфтиёти Русия гуфтааст, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ, ки дар ин кишвар ба таври қонунӣ қарор доранд, метавононанд, аз ҳисоби “квота”-и Русия ба зиёрати хонаи Худо бираванд.
Бино ба иттилои Равил Гайнутдин, муфтии мусалмонҳои Русия соли 2017 то 400 шаҳрванди хориҷӣ бо “квота”-и русӣ имкони сафар ба Макка ва Мадинаро хоҳанд дошт.
Ба омори Шӯрои муфтиёти Русия соли равон 20500 шаҳрванди Русия ҳаққи зиёрати хонаи Худоро дарёфт кардаанд, ки дар қиёс ба соли сипаришуда 20 дарсад бештар аст.
Пойгоҳи хабарии “REGNUM” менависад, квотаи Қирғизистон имсол 4585 нафарро дар бар мегирад, дар ҳоле ки соли 2016 он ба 3685 мерасид: “Барои Узбакистон квота 25 000 муайян шудааст, аммо ҳукумати ин кишвар танҳо ба 7200 нафар иҷозаи ҳоҷӣ шуданро дод (соли 2016 — 5200). Қазоқистон ва Тоҷикистон барои бештар кардани квотаҳояшон талош доранд. Соли гузашта квотаи онҳо мутаносибан 3000 ва 6300-ро ташкил медод”.
Кумитаи дини Тоҷикистон қаблан эълон кард, дар маъракаи Ҳаҷ-2016 беш аз 6000 нафар ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд. Ҳазинаи ҳаҷ барои ҳар нафар 3600 доллар муқаррар шуда буд.