Ҷоми ФФТ ин бор ҳам насиби “Истиқлол” шуд
Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии финалӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро шикаст дода, бори сеюм Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.
Ин дидор 24 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 поён ёфт. Голҳои “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев (дақиқаҳои 67 ва 89) ва голи “Регар-ТадАЗ”-ро Алишер Шарифов (90+3) ба нишон расонданд.
Медали биринҷии ин мусобиқа насиби дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ шуд.
Ҷоми ФФТ аз соли 2012 ба ин сӯ баргузор мешавад ва “Истиқлол” се бор, “Регар-ТадАЗ” ду ва “Хайр”-и Ваҳдат як бор соҳиби он шудаанд.