40 тонна кумаки Русия барои зарардидагони тармаҳо дар Тоҷикистон
Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия барои зарардидаҳои тармафароӣ дар Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристодааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, тайёраи Ил-76 бо ҳудуди 40 тонна бор аз аэродроми “Раменское” ба Душанбе парвоз кард. Ба иттилои манбаъ, ин ёрӣ аз хайма, рӯйпӯш ва дигар ҷиҳози зарурӣ иборат аст.
Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ гуфтааст, ин кумак бо дастури Владимир Путин, президенти Русия интиқол ёфтааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди фаромадани тармаҳо дар шарқ ва шимоли кишвар барои кумак ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуд. Дар пайи офати табиӣ иқтисоди кишвар зарари ҷиддӣ дид, даҳҳо маҳалли аҳолинишин дар бунбаст қарор гирифта, талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд расидааст”.
Бино ба иттилои расмӣ аз 15 то 20 феврал дар Тоҷикистон 80 тарма фаромадааст. То имрӯз аз ҳалокати наздик ба 20 нафар хабар мерасад.
Акс аз РИА Новости