Тақдири пули мардум чӣ мешавад? Шарҳи Бонки Миллӣ
Бонки миллии Тоҷикистон тақдири пасандозҳои мардумро дар ду бонки фаъолияташ қатъшуда -- “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” шарҳ дод.
Мавҷуда Ҳасанова, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 24-уми феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, амонати шахсони воқеӣ марҳила ба марҳила баргардонда мешавад. Ба иттилои ӯ, Бонки миллӣ дар пайи бозхонди иҷозатномаи бонкҳо барои барҳамдиҳӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунад: “Суд давоми як моҳ “ликвидатор” (мудири махсус дар бораи барҳамдиҳӣ)-ро мушаххас мекунад. "Ликвидатор" аз ҳисоби фурӯши амвол ва қарзҳои баргардондашуда пасандози мизоҷонро барқарор мекунад”.
Хонум Ҳасанова таъкид намуд, ки дар марҳилаи аввал аз Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 17,5 ҳазор сомонӣ ба амонатгузорони бонкҳои басташуда пардохт мешавад. Ба қавли сухангӯи Бонки миллӣ, бо мурури иҷрои расмиёт аз ҳисоби амволи бонкҳои басташуда пасандози мардум пурра баргардонда мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз аз қатъи фаъолияти "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" хабар дод. Торнамои расмии бонк далели онро “сабабҳои асоснок” гуфта, ҷузъиёти онро шарҳ надодаст.
Ин ду бонк дар баробари “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” солҳои охир дучори мушкили молӣ шуда буданд. Моҳи декабри соли гузашта Бонки миллӣ маъмурияти "Тоҷпромбонк"-ро ба Ҷамшед Зиёев, роҳбари қаблӣ баргардонда, ҳушдор дода буд, тарҳи раҳоӣ аз ҳолати буҳрониро давоми як моҳ ба Бонки миллӣ пешниҳод кунанд. Соли гузашта Бонки миллӣ инчунин ба далели мушкили молӣ дар "Фононбонк" ҳам маъмурияти муваққатӣ таъин карда, баъдан онро ба роҳбарони қаблияш баргардонд. Зоҳиран на роҳбарони муваққатии таъинкардаи Бонки миллӣ ва на соҳибони аслӣ натавонистаанд, роҳи наҷоти ин бонкҳоро пайдо кунанд.
Дар акс Ҷамшед Зиёев