Сафорат: Миёни ошӯбгарон тоҷикон нестанд
Сафорати Тоҷикистон иттилои мақомоти русро, ки миёни муҳоҷирини ошӯбгар дар боздоштгоҳи Екатеринбург тоҷикон низ ҳастанд, рад намуд.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, дар пайи таҳқиқ муайян намудаанд, ки ошӯбгарон зодаҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, аммо дар миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
Мақомоти Русия қаблан хабар дода буданд, ки 22-юми феврал гуруҳи 7-нафарии муҳоҷирон дар боздоштгоҳи Екатеринбург бо нишони эътироз аз “депорт” ва шароити бади нигоҳдорӣ, утоқи боздоштгоҳро аз дарун баста, таҳдиди худкушӣ кардаанд.
Ба иттилои мақомоти ҳифҳи ҳуқуқи Русия муҳоҷирон таҳдид кардаанд, ки рагҳои дастони худро хоҳанд бурид: “То омадани дастаи таъиноти махсус аллакай яке аз ин муҳоҷирон раги дасти худро буридааст, аммо ҳоло ба саломатии ӯ чизе таҳдид намекунад. Дар пайи гуфтушунид муҳоҷирон дарро ихтиёран кушодаанд”.
Валерий Горелих, масъули Вазорати умури дохилии Русия дар шарҳи қазия ба расонаҳои русӣ гуфтааст, “ошӯбгарон талаб доштанд, ки бидуни хориҷ шудан дар кишвари мо кор ва зиндагӣ намоянд. Онҳо дигар дархосту талаботи худро изҳор надошта буданд. Бояд қайд кунам, ки ҳамаи ин боздоштшудаҳо қаблан бо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноии Русия, аз ҷумла қаллобӣ ҳабс шудаанд”.
Ба гуфтаи ин корманди пулис ҳоло дар боздоштгоҳ кормандони ҳифзи ҳуқуқ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, вазъият дар марказ ба таври комил аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ назорат карда мешавад.