Марди 41-сола ҳамдеҳаашро захмӣ ва писари ӯро куштааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар куштор як сокини 41-солаи деҳаи Янгибоғи ноҳияи Турсунзодаро боздошт кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда шаби 22-юми феврал ба манзили ҷавони 19-солаи деҳаи Янгибоғ ворид шуда, дар пайи муноқиша бо корд чанд бор ба бадани ӯ ва падари 41-солааш задааст. Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ҷавон ба ҳалокат расида, падараш дар беморхона бистарӣ гаштааст: "Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.