Ҳалокати як масъули ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури пойтахт
Сониҳаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе мунҷар ба марги як масъули ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур гардид.
Тавре аз аз дафтари матбуотии ВКД ба «Озодагон» иттилоъ доданд, шоми дирӯз, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шаани» Зафар Маҳмадиевӣ 30 сола, истиқоматкунандаи рустои «Себистон»-и ноҳияи Данғара , аснои ҳаракат дар кӯчаи Айнӣ ба самти кӯчаи Зебунисо, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии №223 суръати ҳаракати воситаи нақлиётро баланд намуда, пиёдагард Тоҷиддин Шамсови 44 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳисор, мутахассиси шӯъбаи савдои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.