Мирзиёев 15 шаҳрванди Тоҷикистонро ба шаҳрвандии Узбакистон пазируфт
Шавкат Мирзиёев зери қарори ба шаҳрвандии Узбакистон қабул кардани 94 нафар имзо гузоштааст. Миёни ин афрод 15 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳастанд.
Бино ба иттилои расонаҳои Узбакистон, ҳамаи ин 15 нафар -- Мастура Атабаева, Ҷаҳонгир Ахмедов, Бахтиёр Ғафуров, Тахмина Мамаҷонова, Гулноз Муродова, Фирӯза Нурмаҳмедова, Насибахон Парпиева, Эркин Содиқов, Нигора Тоирова, Умеда Муродова, Дилшод Усмонов, Уктам Усмонов, Фарҳод Усмонов, Нигора Ҳоҷиева ва Ҳабиба Юлдошева узбактабор буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудаанд.
Дар қарори президенти Узбакистон гуфта мешавад, "шахсони шоиста ва лоиқи ин унвони баланд, пеш аз ҳама сокинони бумии ҷумҳурӣ, ки ба далелҳои мухталифи зиндагӣ берун аз кишвар монданд, ба шаҳрвандии Узбекистон пазируфта мешаванд”.
Авохири соли сипаришуда низ Шавкат Мирзиёев 179 нафарро ба шаҳрвандии Узбакистон пазируфта буд.