Баъди 90 рӯз: 8 муҳоҷири тоҷик аз Русия депорт шуд
Судиҷрочиёни вилояти Самараи Русия 8 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳи “Курумоч” ба ватан фиристодаанд.
Ин афрод дар нақзи қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия муттаҳам мешаванд: “Онҳо беш аз 90 шабонарӯз бидуни иҷозатномаи вижа дар вилоят қарор доштаанд”.
Қонунгузории Русия барои чунин қоидавайронкунӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 2 то 5 ҳазор рубл, ихроҷ ба ватан ва манъи вуруд ба қаламрави он кишвар дар муҳлати 5 солро пешбинӣ кардааст.
Бино ба омори мақомоти Самара шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 судиҷрочиёни вилоят 80 шаҳрванди хориҷиро депорт карданд, ки 40 тан аз ин афрод аз ҳисоби худ ба ватан фиристода шудааст.