Супориши Президент: Чӣ бояд кард, ки ифротиҳо кам шаванд?
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таҳияи консепсияи нави сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин супориш додааст, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз ифротгароии шаҳрвандон мебошад.
Бахтиёр Юнусзода, мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, феълан гуруҳи калони ҳукуматии иборат аз стратегҳо, сиёсатшиносҳо, уламои марказҳои исломӣ ва дигар масъулин ба таҳияи консепсияи нав машғуланд ва ба зудӣ лоиҳаи онро ба дастгоҳи Президент пешниҳод мекунанд.
Масъулини Кумитаи дин таъкид мекунанд, ки сиёсати феълии давлатӣ дар умури дин хато нест ва ҳадафи бозбинии сиёсат дар ин соҳа таъмин намудани танзими мукаммали масоили дин мебошад. Ба иттилои Кумита феълан дар кишвар 4006 иттиҳодияи динӣ бидуни монеа фаъолият дошта, талаботи динии мардумро қонеъ мекунанд.
Ҳуқуқшиноси № 1-и Кумитаи дин дар шарҳи зарурату аҳамияти консепсияи нави сиёсати динӣ гуфт, “он муайянкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин барои даҳсолаҳои оянда буда, хеле ҷиддӣ, илмӣ ва мантиқӣ таҳия шудааст. Ҷилавгирии ифротгароӣ аз мақсадҳои асосии он мебошад. Ҳодисаҳое, ки дар Ховари миёна ва ҳатто баъзе давлатҳои Аврупо мушоҳида мешавад, нишон медиҳад, ки соҳаи дин бидуни танзими мукаммал ҳолатҳои ногуворро ба вуҷуд меорад”.
Тоҷиддин Асомиддинзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон низ аз сиёсати феълӣ дар умури дин тавсиф кард, вале таъкид намуд, ки сиёсати давлатӣ дар умури дин бояд таҷдиду муосир шавад: “Дин ва масъалаҳои марбут ба он, умуман эътиқод ва ақида яке аз масъалаҳои бисёр пуртанишу чолишбарангез аст”.
Ӯ гуфт, барои он, ки ниҳоду гуруҳҳои алоҳида натавонанд аз нерӯи қавии дин ба манфиати худ истифода баранду ҳадафҳояшонро ба воситаи дин ва таҳти пӯшиши дин амалӣ намоянд, давлат бояд ба дин бархӯрди муосир дошта бошад: “Давлатҳо бояд аз сиёсати коркардҳои нав истифода баранд, то пеши роҳи сӯиистифода аз динро гирифта тавонанд. Ин яке аз роҳу воситаҳое аст, ки метавонад субот ва оромиши ҷомеаро таъмин кунад. Консепсияи наве, ки дар замина таҳия мешавад, ба самти тоза нигоҳ доштани дин ва мазҳаб, ҷудо кардани ифротгароию хурофот аз дину мазҳаб равона мешавад”.
Озар Холназаров, шореҳи масоили иҷтимоӣ мегӯяд, давлат бояд дар танзими масоили марбут ба дин жарфандешу дурбин бошад: “Тавре аз хабарҳо бармеояд, феълан бархе аз намояндагони мақомоти давлатӣ, хатоҳои бархе ба ном муллоҳоро такрор карда истодаанд, ки солҳои пеш дар хиёбонҳо ба либоспӯшии духтарону занон густохона дахолат мекарданду инро хости Худо мегуфтанд. Бархеи дигар аз минбарҳо сарлучу тангпӯшҳоро сабукпою бародару шавҳаронашонро даюс унвон мекарданд, ки ин албатта хоси як ҷомеаи мутамаддину дунявӣ нест. Иқдоми давлат дар амри ҷилавгирӣ аз чунин ҳукмҳо аз номи Худо ва дахолати густохона ба ҳаёти шахсии дигарон қобили дастгирист. Аммо дар баробари ин ҳукумат бояд ҷилави он намояндаҳои мақомотро низ гирад, ки густохона ба ҳаёти шаҳрвандон дахолат мекунанд, зеро ин иқдом кори ҳукуматро доғдор мекунад”.
Ин таъкиди коршинос дар ҳолест, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксҳо аз хиёбонҳои пойтахт таъкид мекунанд, ки бархе аз намояндагони мақомот дар хиёбонҳо густохона ба либоспӯшии занон дахолат карда, ба онҳо тарзи дуруст бастани рӯймолро таъкид мекунанд.
Холназаров азми ҳукумат барои таблиғи фарҳанги миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллиро беҳтарин ният ва иқдом дар шароити ҷаҳонишавӣ хонд, вале ба гуфтаи ӯ татбиқи нодурусти он аз сӯи бархе намояндаҳои мақомот, ин ниятро доғдор мекунад: “Барои мисол фикр намекунам, ки пӯшидани либоси миллии тоҷикон хилофи хости Худо бошад. Руҳониён ва намояндагони мақомоти дахлдор бояд инро ба гуруҳе аз мардум, ки имрӯз танҳо сатрпӯширо хости Худо медонанд, фаҳмонанд. Аммо ин шева, ки сатрпӯшҳоро сартосар бадном мекунанду бархе намояндагони мақомот дар хиёбонҳо ба либоспӯшии мардум дахолати густохона мекунанд, қобили қабул нест. Ин на танҳо барои сатрпӯшҳою наздикони онҳо, балки барои афроди дигари огоҳ низ қобили қабул нест”.
Холназаров бо зикри он, ки мардум дар симои ҳар милисаи сари кӯча ҳукуматро мебинад ва ҳар амали намояндаи мақомот ҳамчун аъмолу хости ҳукумат баҳогузорӣ мешавад, зарур хонд, ки дар консепсияи нав бояд бештар ба шеваҳои татбиқи он таваҷҷуҳ зоҳир шавад: “Бояд то ҳадди имкон аз зӯрию маҷбурсозӣ худдорӣ кунанду фаҳмондадиҳию муътақидсозиро пеша кунанд. Танҳо фаҳмондадиҳӣ ва якдигарфаҳмӣ метавонад оромии пояндаро таъмин кунанд. Агар зӯрӣ дар кӯтоҳмуддат натиҷа ҳам диҳад, дар дарозмуддат мушкилзо хоҳад буд”.
Доктор Меҳмоншо Шарифзода, таҳлилгари шинохтаи тоҷик мегӯяд, барои он ки дини мардум ҳамчун як унсури сиёсатбозиҳои дохилӣ ва беруна боқӣ намонад, фазои солими зистро ташкил бояд кард, то мардум тавонанд унсурҳо ва арзишҳои созандаи худ, аз ҷумла арзишҳо ва ормонҳои динии худро дуруст шиносанд: “Ба хусус бозиҳои дохилӣ атрофи дин, солҳои охир ҷанг, хушунат ва шармандагӣ дар пай доштанд”.
Ӯ мегӯяд барои консепсияи дурусти дин ва амали дуруст бо диндорон қаринаи (контексти) дунёи имрӯз ва Тоҷикистонро дуруст бояд шинохт ва вобаста ба ин қарина кор кард: “Чун дар бораи қаринаи Тоҷикистон ҳарф мезанем бояд гуфт, ки ин ҷо пеш аз ҳар гуна консепсия бояд аввал сиёсати фазосозӣ ё созанда бояд ба роҳ монда шавад, ки фарогири фазои ягонаи моддӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ ва равонии мардуми Тоҷикистон бошад. Ба хусус, ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоиро, ки ҳанӯз дар шӯравӣ бо онҳо одат карда буданд аз нав донишбунёд, ақлбунёд кардан ва аз чанги фасод ва маризиҳои дигар озод бояд кард. Салоҳият ва шоистасолорӣ бояд ҳукмрон бошад”.
Ба фикри шумо сиёсати давлатӣ дар умури дин бояд чӣ гуна бошад?
Ҳакими ДавронИн гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.