Эълон барои ишғоли 31 ҷои холӣ дар “команда”-и Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар шаҳрдорӣ озмун эълон кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, озмун 31 мансаби холиро фаро гирифта, музди меҳнати онҳо аз 603 то 895 сомонӣ хоҳад буд: “Маоши мутахассис 603 сомонӣ, сармутахассис 895 сомонӣ ва мутахассиси пешбар 733 сомонӣ пешбинӣ гардидааст”.
Манбаъ афзуд, озмун аз 20 феврал то 12 марти соли равон идома ёфта, на дертар аз 16 марти соли 2017 ҷамъбаст хоҳад шуд: “Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 12 марти соли 2017 буда, довталабон бояд ҳатман маълумоти олии касбӣ ва тибқи талаботи муқарраргардида ба мансаби интихобнамуда собиқаи корӣ дошта бошанд”.
Феҳрасти ҷойҳои холии пешниҳодкардаи шаҳрдорӣ:
сармутахассиси шуъбаи кадрҳо 2 ҷой, сармутахассиси шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотӣ, сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва протокол,
• сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва ободонӣ;
• сармутахассиси бахши корҳои махсус;
• сармутахассиси шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ;
• мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ;
• мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо;
• мутахассиси пешбари шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон;
• мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
• мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ;
• мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;
• мутахассиси пешбари (муҳосиб-хазинадор) шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ;
• мутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ. б) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:
• сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила;
• сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо;
• сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;
• сармутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - 2 ҷой;
• сармутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
• сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кўдак;
• сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ;
• мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оила;
• мутахассиси пешбари Раёсти рушди иқтисод ва савдо - 2 ҷой;
• мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;
• мутахассиси пешбари шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ
• мутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо;
• мутахассисиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;
• мутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.