Ахиран, сафорати ИМА дар Тоҷикистон матни сӯҳбати Роберт Блейк, ёвари котиби давлатии ин кишвар бо хабарнигоронро, ки пас аз мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки рӯзи 3-юми декабр иттифоқ афтода буд, мунташир кард.
Ҷаноби Блейк бо суханони «Ба ҳамаатон шом ба хайр» бриффинги матбуотиашро шурӯъ карда иброз доштааст, ки ҳоло ман бисёр ҳам мулоқоти судманд бо президент Раҳмон доштам: «Ман дар давоми якчанд рӯзи охир дар Осиёи Марказӣ будам, аввалан дар Туркманистон ва баъдан дар Қирғизистон дар маросими савгандёдкунии президент Атамбаев иштирок кардам. Ҳамзамон, баъди ташрифи бомуваффақияти Котиби давлатӣ Ҳиллари Клитон ман намехостам фурсати ба Тоҷикистон омаданро аз даст диҳам. Президент Раҳмон ва ман аз имконият истифода бурда, оид ба доираи васеъи масоили рӯзномаи дуҷонибаамон сӯҳбат кардем. Ман президентро дар бораи омодагӣ ба конфронси бисёр ҳам муҳими Бонн, ки рӯзи душанбе 5-уми декабр баргузор мегардад, ошно сохтам. Ин ба ҷомеаи байналмилилӣ имконият медиҳад, ки дастгирии қавии худро ҷиҳати амният ва инкишофи мардуми Афғонистон иброз намояд. Ман инчунин ба Тоҷикистон сипосгузории Иёлоти Муттаҳидаро барои ҳамаи кӯшишҳояш дар самти расидан ба ин ҳадафҳо изҳор менамоям. Ман ҳамчунин нисбати Тоҷикистонро дар Бонн намояндагӣ намудани Вазири корҳои хориҷӣ Зарифӣ, ки ин сатҳи олии дастгирии Точикистонро аз ин раванд инъикос менамояд, изҳори миннатдори кардам. Акнун ман омодаам ба як ё ду саволатон посух диҳам.
Матни комили пурсишҳои журналистон ва посухҳои Блейк
Суол: Оё Ҳукумати ИМА нақшаи доштани ягон пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон баъд аз берун овардани қувваҳои коалитсионӣ аз Афғонистон дорад ва инчунин бо назардошти вазъияти сиёсии ҳозираи байни ИМА ва Покистон, оё шумо нақшаи кушодани ягон пойгоҳи низомӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ доред?
Ҷавоб: Оид ба саволи вазъият дар Афғонистон, мо дар бораи он, ки ҳузури низомии мо дар Афғонистон пас аз анҷоми интиқоли масъулияти амниятӣ соли 2014 чӣ тавр хоҳад буд, бо хукумати Афғонистон музокира дорем. Оиди кушодани пойгоҳи низомӣ дар Осиёи Марказӣ, мо чандин бор таъкид кардем, ки нияти ҳузури дарозмуддати ягон пойгоҳи низомиро дар Осиёи Марказӣ надорем.
Савол: Оё шумо ягон лоиҳаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА - ро оид ба дастгирии Афғонистон муҳокима кардед?
Ҷавоб: Бале, мо оид ба бисёр лоиҳаи иқтисодӣ гуфтушуниди хеле хуб доштем ва барои тамоми корҳои муҳиме, ки Точикистон бо мақсади рушди тиҷорат бо Афғонистон ва инкишофи интиқоли қувваи барқ анҷом дода истодааст, хеле сипосгузорем. Ин қисми хеле пурарзиши ҳадафҳои дарозмуддати мо мебошад ва ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон ҷиҳати тақвият додани интегратсияи минтақавӣ ва рушди тиҷорат бо Афғонистон ҳадафҳои дарозмуддати худро дорад, ки барои субот дар ин давлат кӯмак хоҳанд кард.
Сабти видеоӣ дар YouTube: https://youtu.be/SNL0DTz7VNI