Ишораи Назарбоев ба асардуздӣ дар корҳои илмӣ
Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар мулоқот бо олимон дар бораи ихтироъҳои камхаридори донишмандони кишвараш суҳбат карда, гуфт, дар бештари корҳои илмии онҳо асардуздӣ мушоҳида мешавад.
Президенти Қазоқистон яке аз дастовардҳои кишварашро сохтмони роҳҳо номид. Ба гуфтаи вай, роҳи Чини Ғарбӣ - Аврупои Ҷанубӣ, ки аз ҳудуди Қазоқистон мегузарад, бо сифати хуб сохта шудааст.
Назарбоев ба Вазорати маориф ва илми Қазоқистон дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо академия ва донишгоҳҳои ин кишвар корҳои илмии худро ба пойгоҳи раддабандии байналмилалӣ пешниҳод кунанд.
Президенти Қазоқистон афзуд, ки бештари матлабҳои илмӣ бояд бо забони англисӣ навишта шуда, ба пойгоҳҳои иттилоотии ҷаҳонӣ шомил карда шаванд.
Ин мулоқоти Назарбоев дар шаҳри Алмато бахшида ба 70-солагии Академияи илмҳои Қазоқистон баргузор шуда, дар он раҳбарони академияҳои улуми Белорус, Гурҷистон, Украина, Молдова, Русия, Тоҷикистон Ӯзбекистон, Қирғизистон ва иштирок доштанд.