АКС: Фармони Президент барои қадрдонии старшинаи ҳалокшуда дар зери тарма
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки старшина Гулмадов Саюмарс Аскарович, ки дар синни 22-солагӣ зимни наҷоти мардум аз зери тарма ҷон дод, бо медали «Ҷасорат» қадрдонӣ шавад.
Тибқи иттилои ВКД мукофоти давлатиро 22-юми феврал генерал полковник Абдураҳим Қаҳҳоров ба падари Саюмарс – Аскар Гулмадов супорида, ҳамдардии раисиҷумҳурро ба наздикони старшинаи марҳум баён дошт: “Ҳамчунин, барои зоҳир намудани ҷасурию далерӣ, матонату шуҷоат ва ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон дар ноҳияи Варзоб сержанти калон Алишер Раҳимзода бо мукофоти давлатӣ – медали «Ҷасорат» қадршиносӣ гардид”.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо баёни ҳамдардӣ ба наздикони Саюмарс таъкид намудааст, ки “ҳалокати фоҷиавии старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов, гарчанде барои пайвандон ва дӯстону ҳамкоронаш ниҳоят талху вазнин аст, вале набояд фаромӯш кард, ки хотираи неки ӯ ҳамеша ҳамчун як корманди далеру шуҷоъ, ҷавонмарди ҳақиқӣ, ватандӯст ва содиқ ба касби хеш дар қалби ҳазорон нафар ҷовидона боқӣ хоҳад монд”.
Дафтари матбуоти ВКД афзуд, зимни маросими ёдбуд дар баробари масъулини Вазорат, падари Саюмарс – Аскар Гулмадов суханронӣ карда, изҳор доштааст, ки “ман худ дар муассисаи таҳсилоти умумии рақами 28-и ноҳияи Фархор ҳамчун омӯзгори омодагии ҷисмонӣ ва таёрии ҳарбӣ ба муҳассилин дарс медиҳам ва ҳамеша фарзандонамро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия менамоям. Ин буд, ки писаронам Исфандиёр ва Саюмарсу Каюмарс бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан-Модар рафта, пас аз адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ба кору фаъолият оғоз намуданд.
Ман барои қадрдонӣ ва расонидани кӯмаку ғамхорӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ миннатдории худро мерасонам, ки моро дар лаҳзаҳои душвор танҳо нагузошта, дастгирии ҳамаҷониба намуданд”.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ фармон додааст, ки барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хизмати содиқона ба Ватан, садоқат ба савганд, ҷоннисоркунӣ баҳри манфиатҳои шаҳрвандон ва кӯмаки амалӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зимни бартарафкунии оқибатҳои лағжиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Гулмадов Аскаршо Сафарович, падари Саюмарс ва Шукурова Олия Ғафуровна, модари марҳум бо раҳматнома сарфароз гардонида шаванд.