Бозори асъор: Доллар қимату рубл арзон шуд
Қурби доллар дар бозори нақди Тоҷикистон боз боло рафта, имрӯз, 24 феврал арзиши 100 доллар то ба 808 сомонӣ расидаст.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори нақди кишвар барои 1 доллар =8.0800 сомонӣ, 1 евро =8.4700 сомонӣ ва 1 рубли русӣ = 0.1383 сомонӣ мебошад. Нишондоди қурби доллар нисбат ба аввали ҳафта боло ва рубл поин рафтааст.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубл ва долларро барои ҳисобгирии муҳосибӣ мутаносибан 7.9711 сомонӣ ва 0.1359 сомонӣ муайян намудааст.
БМТ ҳушдор медиҳад, ки “берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад”.