Искандаров, Куҳдоманӣ ва Зарифулин дар бораи Афғонистон ва амнияти Осиёи Марказӣ суҳбат мекунанд
Маҳфили навбатии Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и профессор Иброҳим Усмонов ба Афғонистон ва амнияти Осиёи Марказӣ бахшида мешавад.
Аз “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ба “Озодагон” гуфтанд, ин маҳфил дар ҳамкорӣ бо “Маркази Лев Гумилёв”-и Маскав созмон ёфтааст: “Павел Зарифулин (Масав), Қосимшо Искандаров (Душанбе), Аҳмадфаҳими Куҳдоманӣ (Афғонистон) ва инчунин коршиносони дигар дар робита ба мавзӯъ суханронӣ хоҳанд кард”.
Ба иттилои манбаъ, маҳфил баъд аз зуҳри сешанбеи 28 феврал дар “Кохи афсарон”-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар Фотеҳ Ниёзӣ 54 баргузор мешавад.