Боз як китоби Президент. Ин бор дар бораи низомиён
Дар Туркманистон китоби нави раисҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нашр шудааст.
Ин китоб “Mertler Watany beýgeldýär” ном дорад, ки дар тарҷумаи тоҷикӣ “Одамони шуҷоъ ватанро бузург мекунанд” мешавад ва ба хидматчиёни ҳарбӣ бахшида шудааст.
“Хроника Туркменистана” менависад, нахустин нусхаи ин китобро Бердимуҳаммадов ба намояндагони мақомоти қудратӣ баъди анҷоми маросими савгандёдкуниаш ба ҳайси Президент дар рӯзи 17 феврал тақдим кард. Ин аввалин китоби нашршудаи вай дар соли равон аст.
Ба қалами Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар маҷмӯъ ҳудуди 40 асари ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ ба нашр расидааст. Танҳо соли 2016 ӯ 7 китоб навишт, ки дар бораи қолин, манфиати чой, асп, мусиқӣ ва ғайра нақл мекунанд.