Маҳмадаминов Маҳмадамин, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон пешиниҳодоти тағйиру иловаҳоро ба кодекси мазкур саривақтӣ шуморида ҳамзамон кайд карданд, ки лоиҳаи мазкур барои тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандон ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар шароити кунуни мусоидат мекунад. Номбурда қайд кард, ки ба ҳолати имрӯза дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2 миллион нафар шаҳрвандон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар кор мекунанд ва лиҳозо 50 дар сади коркунони кирояро занҳо ташкил мекунанд.
Ҳамзамон, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, баъди қабул ва мавриди иҷро қарор гирифтани кодекси ислоҳшудаи кор, корфармоҳо муносибати худро бо коргар тағйир хоҳанд дод. Бино ба қавли ҷаноби вазир, қонун намегузорад, то корфармо худсарона коргарро аз кор биронад, зеро коршоямӣ ва ё корношоямии коргарро на корфармо, балки комиссияи мустақил муайян хоҳад кард.