Эълони қабули довталабон ба “ДОМ”-и Хоруғ
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз оғози қабули довталабон ба бахши ин муассиса дар Хоруғ хабар дод.
Тибқи иттилоияи “ДОМ”, ки охири ҳафтаи гузашта нашр гардид, қабули довталабон барои соли таҳсили 2017-2018 дар Норин ва Хоруғ оғоз гардид: “Қабули довталабон дар Норин аз рӯи ихтисоси технологияи иттилотию комуникатсионӣ ва техникаи компютерӣ ва дар Хоруғ аз рӯи бахшҳои замину ҳифзи муҳити зист ва иқтисод сурат мегирад”.
Ба иттилои манбаъ барномаи иқтисод, ки дар “ДОМ”-и Хоруғ пешниҳод мегардад, дар ҳамкорӣ бо мактаби олии иқтисодии Маскав ва барнома дар бахши замину муҳити зист якҷоя бо Донишгоҳи бритониёии Коломб таҳия гардидаст.
“ДОМ” аз довталабон даъват намудааст, ки барои иттилои бештар ба сомонаи www.ucentralasia.org/admissions, почтаи электронии “admissions@ucentralasia.org” ва ё тариқи телефонҳои: +996 312 663 822 / +996 770 822 901- Қирғизистон, +992 93 999 99 64-Тоҷикистон, +7 777 822 3948-Қазоқистон муроҷиат кунанд.
Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар асоси созишнома, ки аз ҷониби Оқохони IV ва сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғистон ва Қазоқистон имзо шудааст, бунёд гардида, интизор меравад, аз калонтарин муассисаҳои таълимии минтақа хоҳад буд.