Бозори нақд: Доллар болою рубл поин рафт
Қурби доллар дар бозори нақди Тоҷикистон боло рафта, имрӯз, 20-уми феврал арзиши 100 доллар то ба 806 сомонӣ расидаст.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти молиявӣ барои 1 доллар =8.0600 сомонӣ, 1 евро =8.4800 сомонӣ ва 1 рубли русӣ = 0.1373 сомонӣ мебошад. Нишондоди қурби доллар дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта боло рафта, арзиши рубл коҳиш ёфтааст.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубл ва долларро барои ҳисобгирии муҳосибӣ мутаносибан 7.9458 сомонӣ ва 0.1364 сомонӣ муайян намудааст.
БМТ ҳушдор медиҳад, ки “берун аз дафтари асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад”.