Дастури Р.Эмомалӣ барои таблиғи маданияти шаҳрнишинӣ
Рустами Эмомалӣ, раиси нави Душанбе қарор кардааст, ки дар пойтахт гуруҳи муштарак барои тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ташкил карда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ гуруҳи корӣ дар назди ҳукумати шаҳр ташкил мешавад. Рустами Эмомалӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро вазифадор кардааст, ки барои ташкили вохӯриҳо ва фаъолияти кори гурӯҳи муштараки таблиғотӣ мусоидат намоянд.
Раиси Душанбе инчунин хостааст, гурӯҳи кории таблиғотӣ ҳар се моҳ дар бораи натиҷаҳои кор ба ӯ ахбор пешниҳод намояд.
Дастури Рустами Эмомалӣ дар ҳолест, ки ахиран дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолони пойтахт риоя нашудани маданияти шаҳрнишинӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ буд.