Отамбоев: Президенти ояндаи моро Путин интихоб намекунад
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, мегӯяд, президенти ояндаи ин кишварро на Маскав ва на Вашингтон, балки шаҳрвандони Қирғизистон интихоб мекунанд.
Отамбоев дар суҳбат бо “Euronews” иддаоро, ки Владимир Путин зимни сафараш ба Бишкек номзади хостаи Кремлро ба президентии Қирғизистон муайян хоҳад кард, рад намудааст: “Ин сафсатаи сиёсатмадорҳоест, ки Қирғизистонро ба ҳолати пойбандӣ расонда буданд, аммо имрӯз кишвар тамоман дигар аст. Қирғизистон аз ҳамаи ҳамсояҳо вобаста буд, онҳо кай, ки мехостанд интиқоли газу барқро қатъ мекарданд, марзҳоро мебастанд. Аммо имрӯз Қирғизистон дигар аст. Президентро на Маскаву на Вашингтон балки шаҳрвандони Қирғизистон интихоб мекунанд. Бовар кунед ин кишвару ин мардум дигар аст. Мо масоили худро худамон ҳал мекунем”.
Ба гуфтаи Отамбоев ҳадаф аз сафари Путин ба Қирғизистон баррасии ҳамкориҳо мебошад: “Мавзӯъҳо барои баррасӣ зиёд дорем”.
Дар назар аст, ки раисиҷумҳури Русия охири моҳи феврал аз Қирғизистон ва Тоҷикистон боздид кунад.