Ҳалокати 3 корманди “IRS” ва ҳушдор аз тармаҳои нав
Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" ё “IRS” аз ҳалокати се кормандаш дар зери тарма иттилоъ дод.
Тибқи иттилоияи “IRS”, 7 корманди ин ширкат баъди зуҳри 18-уми феврал дар километри 72-юми роҳи Душанбе-Чаноқ ҳамроҳи техникаи роҳрӯбӣ зери тарма монданд: “Шоми 18-уми феврал 1 нафар ва субӽи 19-уми феврал се нафар аз зери тарма наҷот дода шуданд”.
Дар иттилоияи гуфта мешавад, аз миёни бедаракшудаҳо се нафари боқимонда ба ҳалокат расида, ҷасадашон 19-уми феврал дарёфт гардид. Ин ширкати роҳбон таъкид намудааст, ки "марӽумон аз коргарони фаъолу бовиҷдони "IRS" маӽсуб шуда, то лаӽзаи охирини ӽаёташон барои дар сатӽи хуб ва сифати баланд иҷро шудани рисолати филиали ширкат ҷаӽду талош намуданд”.
Тармафароиҳои ахир дар Тоҷикистон ҳадди ақал 16 кушта барҷой гузошт, ки бисёрашон дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҷон доданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон аз хатарҳои нав дар роҳҳои кишвар ҳушдор дода аз шаҳрвандон даъват карданд, ки то ҳадди имкон аз сафар тариқи навоҳии куҳӣ худдорӣ намоянд. Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар натиҷаи лағзиши беш аз 80 тарма ва барфи шадид дар рӯзҳои ахир 75 нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ баста шуданд: “Барои ташкили кор оид ба интиқол додани аҳолӣ ба ҷойи амн Ситодҳои муштараки байниидоравӣ дар 48 ва 72 километри шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ таҳти роҳбарии муовини аввал ва муовини раиси Кумита таъсис дода шуданд. Дар натиҷаи кор аз 17 то 20-уми феврали соли 2017, 78 мусофир ва ронанда кӯчонида шуданд".
Ба гуфтаи ӯ, вазъият дар роҳи Ванҷ-Хоруғ-Мурғоб мушкил боқӣ мемонад: “Он ҷо бо сабаби фаромадани сангрезиҳо ва лағзиши тарма роҳ баста шудааст. Барои бартарафсозии ин ҳолат Ситоди ҳолатҳои фавқулода таҳти роҳбарии раиси вилоят таъсис дода шудааст, ки шабонарӯз фаъолият дорад”.
Номбурда мегӯяд, хавфи фаромадани тарма давоми 5-8 рӯзи оянда дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб боқӣ монда шаҳрвандонро зарур аст, ин рӯзҳо аз сафар ба манотиқи хавфнок худдорӣ намоянд.