Баҳси таҳкими мубориза бо терроризм ва ҳифзи сарҳади давлатӣ дар суҳбати Э.Раҳмон ва С.Раббонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбеву Кобулро ба баррасӣ гирифтаанд.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар ин дидор таъкид шудааст, ки зиёда аз 80 санад пояҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатиро ташкил дода, робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, амнияту мудофиа, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, илму маориф ва фарҳанг дар сатҳу сифати барои ҷонибҳо манфиатбахш идома дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии зиёд барои вусъати ҳамкориҳои минтақавӣ аз ҷумла иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии бунёди роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли неруи барқ зоҳир кардаанд: “Ҷонибҳо барои ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкориҳо зарурияти тақвият бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ ва рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ байни вилоятҳо ва ноҳияҳои сарҳадии ду давлатро таъкид намуданд”.
Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон ва Салоҳиддин Раббонӣ инчунин масоили таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва масъалаҳои вобаста ба ҳифзи сарҳади давлатӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор додаанд.