Бояд гирист... Вақте бо тоҷикӣ наметавонӣ нон пайдо бикунӣ
Иршод СУЛАЙМОНӢ
Дар нишасти ахири хабарии Кумитаи забон ва истилоҳот як хабарнигор аз раис пурсид, бо таваҷҷуҳ ба ин ки аксари мардуми шаҳрҳои Тоҷикистон талош мекунанд фарзандонашонро ба боғчаву мактабҳои русӣ бибаранд (ва ҳатто барои ин ришваҳои бузурге ҳам медиҳанд) зарурат ҳаст, ки забони русиро забони дувуми давлатӣ кунем? Ҳоло бо гузашти ду ҳафта талош кардам, ба ин суол аз зовияи дигар бингарам.
Дар воқеъ, агар таваҷҷуҳ карда бошем дар солҳои ахир ҳамагӣ ва аксаран қишри огоҳ талош мекунанд, ки фарзандонашонро ба боғчаву мактабҳои русӣ бибиранд. Дар ин авохир ҷонибдорони инглисӣ ҳам афзудааст. Зеро аз нигоҳи онҳо (ки мутаассифона дуруст ҳам ҳаст) бо донистани забони русӣ ва инглисӣ нон ёфтан ва зиндагӣ сохтан осонтар аст. Шояд аз нигоҳи бозор ва замон ин як амали дуруст бошад, аммо аз нигоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ин бисёр вазъи ҳузнангез аст. Мо наметавонем ин мардумро барои дӯст надоштани тоҷикӣ, барои эҳтиром накардани арзишҳои миллӣ гунаҳкор бидонем. Мо наметавонем ин мардумро нохудшинос биномем ва ё мардуме бидонем, ки ифтихорӣ миллӣ надоранд. Зеро муҳит дар мо ҳамин гуна шакл гирифтааст. Шаклгирие, ки барои ояндаи миллӣ хеле хатарбор аст. Яъне, агар урёнтар суҳбат кунем ба ояндаи муҳити тоҷикӣ бовар нест...
Бисёр дардовар ва риққатбор аст, вақте ту медонӣ агар фарзандат мактабӣ тоҷикӣ бихонад нонёбиаш мушкил мешавад. Бисёр хатарзо аст, вақте дар як кишвар тайи ин қадар сол муҳити нонёбӣ, муҳити давлатӣ ва муҳити иҷтимоӣ бар асоси забони ҳамон давлат шакл намегирад.
Дар боғча ва мактабҳои русӣ довталаб аз меъёр ду ва ҳатто се маротиба зиёдтар аст. Инро инкор карда намешавад. Ин вазъро Вазорати маориф ҳам медонад, ҳукумати кишвар ҳам медонад ва кумитаи амният ҳам муталлеъ аст. Ҳамин сол яке аз дӯстони мо ҳам хост ки фарзандашро ба мактаби 20-и Душанбе бибарад. Довталаб ба ҳадде зиёд буд, ки ба гуфтаи дӯстам, ҳатто кормандони баландпояи Вазорати маорифро ҳам васила қарор дод, аммо масъала ҳал нашуда. Дар боғчаҳои русии Душанбе ва шаҳрҳои дигар бидуни ришваву василабозӣ имкон надорад, ки кӯдакатро бипазиранд. Зеро ба ибораи маъмул “талабот бениҳоят зиёд аст”.
Ин вазъро бояд аз нигоҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва равонӣ ба хотири ташхис додани ояндаи миллат таҳлил кард. Зеро мағзи гап ин ҷост, ки фикри миллӣ ба тоҷикӣ шакл намегирад ва ҳувияти миллӣ дугонаву духура ташаккул меёбад. Албатта донистани забони русӣ, инглисӣ ва ҳар забони дигаре, ки имрӯз забони илму иқтисодҳои бузург эътироф шудаанд аз ҳар нигоҳе хуб аст. Аммо барои як давлат ва як кишвар шарти аслӣ ва зарурӣ ин аст, ки муҳити иҷтимоӣ, тафаккури давлатӣ ва фикри миллӣ бояд бар асоси забоне шакл бигирад, ки таърихан дар тинати мардум аҷин шудааст. Ба забони миллӣ шакл додани фикр ва руҳияи миллӣ ҳаргиз ба маънои аз ҷаҳони берун канор гирифтан нест, зеро ин номумкин мебошад ва хоҳу нохоҳ забоне барои доду ситадҳои илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ин миён васила қарор мегирад. Аммо зарур ва ҳатто бисёр зарур аст, ки муҳит ба гунае сохта шавад, ки фикри тоҷикӣ шаклдиҳандаи руҳияи миллӣ ва маниши миллӣ бошад. Вале дар мо, оё ҳоло ҳамин гуна муҳит офарида шудааст? На!
Кӯдаки тоҷик имрӯз имкон надорад, ки бо забони модариву миллияш филми тасвирӣ бибинад. Ҳарчанд дар кишвар телевизиони вижае барои кӯдакону наврасон таъсис шудааст. Аммо ин телевизион ҷойи ин ки барои кӯдаки тоҷик филми тасвирӣ бисозад ва ё ҳадди аққал тарҷума кунад, вориди бозиҳои сиёсиву идеологии давлат шудааст. Ин телевизион ҳам бештарини филмҳои тасвирӣ ва ҳунариву бадеиро барои кӯдаки тоҷик бо русӣ нашр мекунад. Камбахтона ҳатто истудёҳои мустақиле пайдо нашуданд, ки бо тоҷикӣ барои кӯдакону наврасон филми тасвирӣ бисозанд ва ё аз имконоти фаровони фанновариҳои иттилоотӣ истифода кунанд (ба истиснои чанд маркази маҳрамонае, ки забону фарҳанги ин миллатро бо забони шикаству шевагӣ таҳвин мекунанд). Дар мавриди китобу василаҳои донишдиҳандае барои кӯдаконе, ки ҳанӯз мактаб намераванд ҳоло сухан намегӯйем. Бо тоҷикӣ ёфтани ин гуна абзорҳо тақрибан номумкин аст. Агар ҳам ҳаст як ду се китобе ҳаст, ки ҳам аз нигоҳи мазмун ва ҳам аз нигоҳи санъати чоп бисёр сифати паст доранд. Дар ин миён чанд китобу дастури арзишманде, ки Сарредаксияи энсклопедияи миллӣ анҷом дод истисноанд. Агар мехоҳед дар ин маврид мутмаин шавед саре ба дӯкону марказҳои китобфурӯшӣ бизанед.
Барои бачаҳои мактабхон ҳам вазъ аз ин фарқе намекунад. Ба ҷуз китобҳои дарс тақрибан китобу василаҳои ҷолибу ёрирасоне ба забони миллӣ пайдо намешавад. Дар ин гуна вазъу шароит фикри миллӣ бисёр маҳдуд шакл мегирад. Ҳамин аст, ки падару модар ба мактабу марказҳое майл мекунанд, ки ба забонҳои дигареанд, ки бо ин забонҳо имкону дурустару фаррохтар шакл додани фикру тафаккур осонтар аст.
Вақте мо ҳамин гуна пойгоҳи иҷтимоиву маърифатиеро барои шакл додани фикру тафаккури миллӣ насохтаем, ҳақ надорем дар мавриди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз минбарҳои баланд кафки даҳон бипаронем. Миллатсозӣ ҳазина металабад, хароҷот дорад. Фавҷ-фавҷ, бо латтаҳои сурх дар пешобағал, дар дастҳояшон парчами давлатӣ ба хиёбонҳо кашондани хонандагону ҷавонон ҳаргиз маънои инро надорад, ки мо онҳоро “дар руҳияи милатдӯстиву ватанпарварӣ” мепарварем. Зеро пойгоҳи иҷтимоиву маърифате барои чунин парвариш насохтаем.
Дар сатҳҳои болоӣ вазъ аз ин фарқ намекунад. Аз нигоҳи иҷтимоӣ агар бигарем дар шаҳрҳо, хусусан дар пойтахти кишвар, вақте мардум дар таълими фарзандон ба забони ғайри миллӣ тарҷеҳ медиҳанд, вазъ буҳронӣ аст. Зеро ҳанӯз дар пойтахти кишвар фикри тоҷикӣ дар таъини ҳувияти миллӣ асаргузор нашудааст. Як нукта бисёр нигаронкунанда аст, вақте бачаҳо дар пойтахт бузург мешаванд, вале дар шинохти арзишҳои миллӣ назарашон мухолифи ҳамин арзишҳост (таҷрибаи талхи русихонии шӯравӣ аз хонаводаҳои ба истилоҳ зиёии Душанбе ва дигар шаҳрҳо пеши мо гузинаие барои дар ин замина шубу рӯз фикр карда аст). Инро бояд ба ҷиддӣ гирифт. Замони ватандӯстии дурӯғин гузаштааст, замони муҳитсозии амал омадааст.