Маврид ба ёдоварист, 14-уми октябр, додгоҳи шаҳри Табошар хабарнигори "Нури зиндагӣ" Муҳаммадюсуф Исмоиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз толори додгоҳ озод кард. Ҳамзамон суд он вақт эълом дошт, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов наметавонад, то се соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорияш идома бидиҳад. Муҳаммадюсуф Исмоилов дар нахустин вокуниши худ ба ҳукми додгоҳ гуфта буд, ки аз он чандон розӣ нест ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Муҳаммадюсуф Исмоилов мегуфт, дар сурати бознигарӣ нашудани ҳукмаш дар додгоҳҳои кишвар, маҷбур мешавад ба додгоҳҳои байнулмилалӣ муроҷиат кунад.