“Khujand open library”. Нахустин китобхонаи сарироҳии Тоҷикистон (АКС)
Дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд нахустин китобхонаи сарироҳӣ таъсис ёфтааст.
Ин китобхона бо номи “Khujand open library” дар хиёбони Ситораҳои Хуҷанд аз сӯи Ташкилоти ҷамъиятии “Соҳибкорони шимоли Тоҷикистон” ба кор оғоз кардааст.
Суҳроб Ниёзов, узви ин ташкилот дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар саросари Тоҷикистон ин нахустин китобхонаи сарироҳӣ буда, ҳоло ҷараёни марҳилаи санҷишии он идома дорад. Ӯ афзуд, “назорат мекунем, ки мардум онро чӣ гуна қабул мекунанд, агар талабот бошад, дар дигар ҷойҳо низ созмон медиҳем”.
Ба гуфтаи Ниёзов, китобхонаи сарироҳӣ аслан дар боғу хиёбон ва ҷойҳои фароғатӣ ба хотири гирифтани ғизои маънавӣ насб шуда, қоидаҳои истифодаи худро дорад: “Шаҳрвандон китобҳоро гирифта, дар атрофи китобхона қироат мекунанд ва боз онро мегузоранд. Ба хона бурдани китобҳо иҷоза нест”.
Суҳроб Ниёзов мегӯяд, чун ин таҷрибаи аввалин аст, сокинон ҳам бояд барои ғанӣ гардидани китобхона ёрӣ расонанд: китобҳои хубро оварда гузоранд, то дигарон низ онро хонда, ғизои маънавӣ бигиранд.
Ӯ гуфт, чунин таҷриба дар Аврупо ва баъзе кишварҳои пасошуравӣ вуҷуд дошта, аммо дар Тоҷикистон таҷрибаи нахустин аст. Баъди кушодани китобхона Ташкилоти қарзии “Арванд” дар Хуҷанд ба он 50 дона китоб оид ба маърифати моливӣ гузоштааст.Аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ