Хоҳиши тоҷирон аз раиси “Сафариён”: Дар буҳрон хароҷотамонро зиёд накунед (АКС)
Гурӯҳе аз тоҷирони бозори “Сафариён” аз роҳбарият шикоят доранд, ки дар шароити буҳронӣ ба ҷои дастгирӣ онҳоро барои хароҷоти иловагӣ водор мекунад.
Ин гуруҳ мегӯянд, роҳбарияти бозор аз онҳо хостааст, дари дӯконҳоро аз ҳисоби худашон иваз кунанд ва арзиши ҳар дари пешниҳодшуда беш аз як ҳазор сомонӣ мебошад. Тоҷирон мегӯянд, ҳар моҳ маблағи иҷораро ба раёсати бозор ва пули андозро бетаъхир пардохт мекунанд. Ба гуфтаи тоҷирон раёсати бозор дар баробари гирифтани пули иҷора корҳои таъмиру таҷдиди бозорро низ аз ҳисоби тоҷирон анҷом медиҳад.
Яке аз савдогарони ин бозор, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, қаблан маблағи бом, мумфарш, насби ноқилҳо, дастгоҳҳои зиддисӯхторӣ, ҳатто сатилҳои партовро аз ҳисоби тоҷирон насб карданд: “Ҳозир кризис, савдо суст, боз дарро гуфта истодаанд, ки иваз кунед. Барои мо мушкил аст. Ёфтани пул хеле мушкил шудааст. Хоҳиш дорем, ки дар ин шароит хароҷоти иловагиро бори мо накунанд, ё ақалан нисфи пулро худи бозор диҳад, зеро мо иҷоранишинем”.
Як тоҷири бозор гуфт, танҳо барои насби сими «сигнализатсия» аз ҳар кадоми онҳо ҳудуди 300 сомонӣ маблағ ҷамъ кардаанд: “Дарҳое, ки ҳозир дорем, ягон мушкил надоранд, фарқияташон ҳамин ки тарафи боло кушода мешаванд. Дарҳои наве, ки мехоҳанд часпонем, аз паҳлӯ кушода мешавад ва ҳоло ду донаро барои намуна насб кардаанд”.
Муҳсин Гулов, раиси бозори “Сафариён” дар суҳбат бо “Озодагон” нақшаи иваз намудани дарҳои дӯконҳоро аз ҳисоби маблағи тоҷирон тасдиқ кард, вале изҳор дошт, ки ноқили “сигнализатсия” на аз ҳисоби тоҷирон, балки аз ҳисоби бозор насб гардидааст.
Гулов афзуд, масъалаи иваз намудани дари дӯконҳо на маҷбурӣ, балки ихтиёрӣ мебошад: “Ин кор аз рӯи хоҳиш аст, ба хотири беҳтар гардидани шароити кории худи соҳибкорон аст. Шартнома мекунад соҳибкор бо нафаре, ки дарро месозад, чӣ қадар маблағе, ки лозим шуд худи соҳибкор медиҳад. Лекин агар ин корро накунанд, мо маҷбур намекунем”.
Раиси бозор гуфт, дарҳои нав аз дарҳои феълӣ, ки сӯи боло кушода мешаванд, беҳтаранд: “Баъдан ин маҳсулоте, ки берун аз дӯкон баровардаанд, гирифта мешаванд. Дар дохили дӯкон бояд гузоранду савдо кунанд”.