ТВ “Пойтахт” барномаҳояшро бо формати “HD” пахш мекунад
Телевизиони “Пойтахт”, ки шабакаи шаҳрдории Душанбе аст ба пахши барномаҳо бо формати “HD” шурӯъ мекунад.
Суҳроб Рауфов, директори ТВ “Пойтахт” ба “Озодагон” гуфт, гузариш ба ин формат аз соати 17:00-и аз имрӯз, 17 феврал оғоз мегардад. Ба гуфтаи ӯ, “Пойтахт” бо таҷҳизоти муосири пахши барномаҳо, ки аз Аморати муттаҳидаи Араб оварда шудааст, муҷаҳҳаз гардида, пахши барномаҳо низ зиёд карда мешавад: “Пахши барномаҳо дар як шабонарӯз ба 18 соат расонида мешавад”.
Соли 2012 баъди раҳбари ТВ “Пойтахт” таъин шудани Абдуқодири Абдуқаҳор ин шабака чанд муддат ба пахши 20 соатаи барномаҳо дар шабонарӯз шурӯъ кард. Аммо вақте моҳи феврали соли 2013 ин шабака барои чанд рӯз пахши барномаҳояшро қатъ намуд ва масъулинаш онро ба сабабҳои техникӣ рабт доданд, оқои Абдуқаҳор гуфт, бо машварати корхонаи “Телерадиоком” телевизиони “Пойтахт” аз нав ба пахши 8-соатаи барномаҳо мегузарад.
Аз 6 шабакаи саросарии Тоҷикистон ҳоло танҳо ТВ “Варзиш” бо формати “HD” барнома пахш мекунад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам, ки ахиран аз таъсиси шабакаи телевизионии “Футбол” хабар дод, гуфт, он дар формати “HD” эфир мебарояд.
Баъди ба курсии раиси шаҳри Душанбе нишастани Рустами Эмомалӣ раҳбарии ТВ “Пойтахт” ба уҳдаи Суҳроб Рауфов, директори собиқи “Телевизиони Тоҷикистон” гузошта шуд.