Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав дубора фаъол мешавад
Мақомоти шаҳри Маскав, пойтахти Русия тасмим гирифтааст, ду толори кинои даврони шӯравӣ — “Тоҷикистон” ва “Правда”-ро дубора фаъол кунад. Бино ба иттилои расонаҳо, ин тарҳ аллакай тасдиқ шудааст.
Бино ба иттилои торнамои “Вести.ру” бинои кинотеатри “Тоҷикистон”, ки дар ноҳияи Строгино воқеъ аст, маркази муосири фарҳангӣ ва хизматрасонӣ табдил хоҳад шуд. Онҷо толорҳои кино барои 500 нафар, китобхона ва қаҳвахона фаъол мешаванд. Александр Чудовиш, сармеъмори тарҳ гуфтааст, “ин кинотеатр барои тамоми сокинони ноҳия ошно аст”.
Ба иттилои манбаъ, намои берунии кинотеатр тақрибан бетағйир хоҳад монд. Ин ҳам дар ҳоле ки кинотеатр аллакай хароб карда шудааст: “Меъморон намои берунии биноро аз рӯи аксҳо барқарор мекунанд”.
Кинотеатри “Тоҷикистон” соли 2015 тахриб шуд. Он соли 1982 дар кӯчаи Маршал Кутуков сохта шуд ва аз се қабат иборат буд.