Дар ҳамин ҳол Шариф Назарзода сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд, зимни баргузории нишасти матбуотиаш 25-уми январ аз овардани омори дақиқ худдорӣ намуда гуфт, ба назари ман расонаӣ кардани омор дар бораи афроде, ки ба ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд ва ё дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, боиси бештар шудани ҳамингуна ҷиноят ва ифротгароӣ мешавад. Вай гуфт, ки минбаъд аз ироаи чунин омор худдорӣ мекунанд, зеро ки паҳн кардани хабарҳои ҷиноӣ, оқибатҳои бад дорад: “Доим сифру рақамҳоро гуфта мегузаштам. Коршиносон ва падару модарон ба ман муроҷиат карданд, ки ин ба ҳолати рӯҳии фарзандони мо таъсир мерасонад" Шариф Назарзода аз ҳодисаи худро ба дарёи Сир андохтани як зан ёдоварӣ намуд, ки мақомот барои пайдо кардани наздикони вай тариқи телевизион муроҷиат карда буданд: "Дар давоми як ҳафта 5-6 нафар ба дарёи Сир аз ҳамон ҷо худашро партофт. Ана реклама кардем-ку”.
Ба андешаи рӯзноманигору коршиносон, ин андешаи сардори Раёсати корҳои дохилӣ мумкин аст, назари шахсии ӯ бошад, аммо ин гуна андеша аз забони роҳбарияти мақомоти расмӣ, метавонад дастрасии журналистонро доир ба гирифтани иттилоъ аз мақомот, мушкилтар намояд. Неъматулло Мирсаидов таҳлилгари тоҷик изҳор медорад, ки мо бояд ин гуна мисолҳоро оварда, мардумро аз оқибатҳои талхи он ҳушдор диҳем: “Аз ҳаёти ҷомеа мо бояд мисолҳое оиди қисмати талхи онҳое оварем, ки аз иштирок дар муҳорибаҳои бурунмарзӣ ва ё фаъолияти ифротгароёна зарар дидаанд. Яъне, зидди тарғиби ифротгароӣ мо силоҳе бояд дошта бошем ва онро ҳангоме ки мафкураи ҷавонон аз интернету дигар воситаҳои электронӣ олуда мешавад, истифода барем. Хулоса, ҳар як тарғибу ташвиқи тундрав контрропропаганда бояд истифода шавад”.
Дар ҳоле ки бисёре аз масъулин мегӯянд мубориза ба зидди гурӯҳҳои ифротгаро на танҳо вазифаи сохторҳои дахлдор балки шаҳрвандон ва ҷомеа низ ба шумор меравад, магар бо пинҳон кардани омор метавон ба ин ҳадафҳо ноил шуд ва шаҳрвандонро аз оқибатҳои ногувори он бохабар намуд.
Афзал БОСОЛИЕВ
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.