Пӯлод Муҳиддинов, муовини авали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар МН гуфт, ҳанӯз соли 2006-ум дар натиҷаи сафари расмии президенти Тоҷикистон ба ҷумҳурии Ҳиндустон аз тарафи Деҳлӣ барои азнавсозии нерӯгоҳи мазкур кӯмаки бебозгашт дар ҳаҷми 17 миллион долари ИМА ҷудо шуда буд.
Зимнан қайд гардид, ки таҷҳизоти ин нерӯгоҳ ва худи он ҳам дар солҳои 30-юми асри 20 ба истифода дода шудаанд ва аз сабаби истифодабарии тӯлонӣ қисмҳои асосии таҷҳизот фарсудаву корношоям гашта, мушкилии мавҷударо дучанд карда буданд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа, иқтидори ҳар як агрегат ба зиёда аз як мегаватт афзоиш ёфта, бо назардошти барқарор намудани иқтидори он 9,5 мегаватро ташкил хоҳад кард. Афзоиши истеҳсоли энергияи барқ бошад дар натиҷаи аз навбарқарорсозии нерӯгоҳ дар як сол 19 миллион киловатт соатро ташкил медиҳад.