“Шохиси озодиҳои иқтисодӣ”: Тоҷикистон 40 зина пешрафт кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии нави “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ 2017” мақомашро 40 зина беҳтар карда, дар ҷойи 109-ум нишастааст.
Ин раддбандӣ, ки дирӯз, 15 феврал аз ҷониби пажуҳишгоҳи Heritage Foundation ва маҷаллаи The Wall Street нашр шуд, 178 кишвари дунёро дар бар гирифтааст.
Соли гузашта Тоҷикистон дар рейтинги “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ” дар ҷойи 149 қарор дошт. Бо вуҷуди 40 зина пешрафт кардани Тоҷикистон гузоришгарон барои ҷой доштани фасоди густурда, андозбандии сангин ва монанди инҳо иқтисоди Тоҷикистонро ҳанӯз ба гуруҳи кишварҳои “бештар ноозод” ворид кардаанд.
Дар раддабандии мазкур мақоми кишварҳои пасошуравӣ ба таври зайл аст: Эстония-6, Гурҷистон-13, Литва-16, Латвия-20, Қазоқистон-42, Арманистон-33, Озарбойҷон-91, Қирғизистон-89, Молдова-110, Белорус-104, Украина-166, Узбакистон-148 ва Туркманистон-170.
Гузоришгарон ицтисоди Ҳонгконг, Сингапур ва Зеландияи навро озодтарин ва Венесуела, Кубаву Кореяи шимолиро маҳдудтарин гуфтаанд.