Вуруди беиҷозати кормандони амниятӣ ба хонаҳо қабул нашуд
Маҷлиси Миллии Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ”-ро, ки аз ҷониби ҳукумату палатаи поёнии парлумон қабул шуда буд, баргардонд.
Қаноатшо Лоиқзода, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллӣ имрӯз, 16-уми феврал дар ҷаласаи палатаи болоӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки лоиҳаи тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ” баргардонда мешавад. Дар ин лоиҳа вуруди бидуни иҷозати намояндагони мақомот ба хонаи шаҳрвандон пешбинӣ шуда буд. Аммо Лоиқзода мегӯяд, дар лоиҳа мушаххас нашудааст, ки намояндагони мақомот дар кадом ҳолатҳо метавонанд бидуни иҷозат вориди хонаи шаҳрвандон шаванд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ин ҷо дар баробари таъмини амният инчунин ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар миён аст ва пешниҳод намуд, то лоиҳаи мазкур баъди омӯзиши бештар аз сӯи додгоҳ, додситонӣ ва мақомоти амниятӣ дубора пешниҳод шавад.
Ин дар ҳолест, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо тасдиқи ҳукумат ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод гардид ва палатаи поёнии парлумон онро моҳи октябри соли гузашта қабул карда буд.
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар Маҷлиси намояндагон зарурати ин тағйиротро ба мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти аҳолӣ рабт дода буд. Ӯ афзуд, баъзан, ки дар хонаҳо террористону гаравгонгирҳо ҳузур доранду фурсати гирифтани иҷозат нест, кормандони мақомоти амниятӣ ҳақ доранд бидуни иҷоза вориди манзил шаванд ё бо истифодаи зӯрию силоҳ амалиёт баранд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон суол гузошта буд, ки дар ҳолате агар амниятиҳо бидуни иҷоза вориди хонаҳо шаванду он ҷо афроди бегуноҳ бошанд, ҷуброни зарарро кӣ пардохт хоҳад кард. Дар посух Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гуфт, дар ин ҳолат тибқи қонун ҷуброни зарарро давлат пардохт мекунад. Ӯ таъкид намуд, ки меъёри Констутсия дар мавриди дахлнопазирии манзили зисти шаҳрвандон побарҷост ва ин қонун танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла амалиёти террористӣ иҷозат медиҳад, ки кормандони мақомот вориди хонаи шаҳрвандон шаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон тағйироти мазкурро ба қонун дар бораи мақомоти амнияти миллии кишвар ҳанӯз охири моҳи августи соли гузашта тасдиқ намуда, ба парлумон пешниҳод карда буд.