Убайдуллоев: Ба тафтишҳои беасос нуқта гузоред
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ имрӯз, 16-уми феврал зимни шунидани ҳисоботи Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар ба масъалаи санҷишҳои беасос ва таъмини шароит барои соҳибкорон дахл кард.
Убайдуллоев дар хитоб ба Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки барои нуқтагузорӣ ба санҷишу тафтишҳои беасос чораандешӣ кунад. Ӯ инчунин хостори риояи қонунҳо дар самти рушди соҳибкорӣ ва таъмини инфрасохтори мусоид шуд.
Раиси Маҷлиси Миллӣ инчунин аз додситони кул хост, таваҷҷуҳи бештарро ба ташвиқоту тарғибот барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо равона созанд.