Тибқи ин санад Тоҷикистон миёни 223 кишвар дар дар ҷои 146 –ум қарор дорад. Дар гузориш, ки миқдори миёнаи фавтидагон сари ҳар ҳазор сокин дар як сол оварда шудааст, нишондоди Тоҷикистон ба 6,6 нафар баробар аст.
Сатҳи аз ҳама баланди фавт дар Ангола ба қайд гирифта шудааст, ки 23,4 нафар сари 1000 сокинро ташкил медиҳад. Дар паи он Афғонистон қарор дорад, ки дар ин кишвар миқдори миёнаи фавтидагон ба сари 1000 сокин 17,39-ро ташкил медиҳад. Баъд аз инҳо Африқои Ҷанубӣ, Нигерия ва Русия ҷой гирифтаанд. Дар Русия ҳамасола сари 1000 нафар ба ҳисоби миёна 16,04 нафар вафот карда истодаанд.
Сатҳи аз ҳама пасти фавт дар кишварҳои арабӣ-Баҳрайн, Қувайт, Аморати муттаҳидаи Арабистон ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин кишварҳо ҳамасола ба ҳисоби миёна аз 1000 нафар 2-3 нафар мефавтанду бас. Кишварҳои Аврупо дар рӯйхати овардаи Хадамоти ҷосусии Амрико дар миёна қарор доранд. Дар ин давлатҳо сари ҳазор нафар сокин солее аз 7 то 9 фавт рост меояд.