Додситони кул “облава”-ро тасдиқ кард: Ҷой дорад...
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал зимни ҳисоботаш дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев тасдиқ кард, ки “облава” дар кишвар ҷой дорад.
Юсуф Раҳон изҳор дошт, ки бо роҳи зӯрию боздошт сафарбар кардани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар кишвар ҳоло ҳам ҷой дорад. Ӯ гуфт, бидуни дақиқсозӣ ҷавононро боздошт мекунанд.
Додситони кул илова намуд, ки дар қисмҳои низомӣ ва комиссариатҳо санҷиш гузаронда шуда, 1 ҳазору 1 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.