Спутник: “Билайн” Тоҷикистонро тарк карданист
Ширкати “Таком”, ки зери тамғаи “Билайн” дар Тоҷикистон фаъолият дорад, қасд кардааст, ки бозори мобилии кишварро тарк кунад.
Дар ин бора хабаргузории “Спутник” бо такя ба манобеяш дар роҳбарияти “Билайн Тоҷикистон” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ далели ширкат гаронии андоз мебошад, ки аз даромади ширкат зиёдтар шудаанд: “Соли 2016 “Билайн” ҳудуди 73 миллион доллар андоз пардохт кард, аммо ҳамагӣ 68 миллион доллар даромад дошт. Ба далели мушкили молӣ 40 дарсади коргаронро ихтисор карда, комилан аз таблиғот даст кашид”.
Ба иттилои масъулини “Билайн” теъдоди мизоҷони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон низ майли поинравӣ дорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ширкати “Telia Sonera” низ, ки аксари саҳмияҳои "Тсел"-ро дар ихтиёр дорад, бо нашри як изҳорот талаботи масъулини андози Тоҷикистонро барои пардохти 155 миллион сомонӣ ғайриқонунӣ ва номақбул хондааст. Ба иттилои манбаъ дар пайи санҷиши фаъолияти "Тсел" аз моҳи майи соли 2015 то июни соли 2016 мақомоти андоз ширкатро барои пардохти 155 миллион сомонӣ қарзу ҷаримаҳо муваззаф намудаанд. Молики "Тсел" бо изҳори нигаронӣ аз ин талаби мақомоти тоҷик таъкид намудааст, даромади ширкат тайи соли 2015 аз маблағи талабкардаи мақомоти тоҷик камтар мебошад.
Аммо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ҷаримабандиҳоро дуруст қонунӣ хонда афзуд, ки дар баробари "Тсел", соли гузашта дар ширкатҳои дигари мобилӣ, аз ҷумла Таком (Билайн) ва МЛТ (Мегафон) низ нақзи меъёри андозсупорӣ ошкор шуд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз, “Билайн” ба пардохти 151,3 миллион сомонӣ муваззаф шуд ва додгоҳ ин баҳсро ба фоидаи давлат ҳал намуд: “Айни ҳол 80 фоизи ин маблағ пардохт шуд”.
Инчунин бо қарори додгоҳ Мегафон низ 155 миллион сомонӣ қарзи андозу ҷаримаҳоро пардохт намудааст. Ба гуфтаи раиси Кумитаи андоз дар маҷмӯъ соли 2016 ошкоркунии андозгурезиҳои дар ширкатҳои мобилӣ нисбати ду соли пешӣ афзоиш ёфтааст.
Давлатзода иддаои Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистонро дар мавриди муносибати нодурусти мақомоти андоз бо ширкатҳои русӣ изҳор дошт, “мо бо ҳама як хел муносибат мекунем. Аз доираи ваколатҳои худ берун набаромадаем. Андозбандиҳо нисбати соҳибкорону ширкатҳои русӣ дуруст андозбандӣ шудааст”.