Вакилони “бедаракшуда”-и қирғизро дар истироҳатгоҳи Тоҷикистон пайдо кардаанд
Расонаҳои Қирғизистон аз бедарак шудани 11 вакили маҳалии ноҳияи Қара-Суй хабар додаанд.
Аз Шӯъбаи корщои дохилии вилояти Ош ба торнамои “Turmush” гуфтаанд, баъди паҳн шудани иттилоъ дар бораи эҳтимоли гум шудани вакилон корҳои санҷишӣ шурӯъ шудаанд. Аз ҷониби наздикони ин вакилон ҳеч аризае дар ин робита ба идораи пулис нарасидааст. “Бино ба гуфтаи пайвандони вакилон онҳо барои истироҳат ба осоишгоҳи “Баҳористон”-и Тоҷикистон рафтаанд. Бино ба маълумотҳои дастрасшуда онҳо то интихоботи рӯзи 16 феврал бармегарданд”,- гуфтаанд аз ШКД.
Тилек Матраимов, ҳокими ноҳияи Қара-Суй гуфтааст, аз ҷузъиёти ҳодиса хабар надорад: “Ман дар ин бора маълумот надорам. 16 феврал интихоботи раҳбари ҷамоат аст. Ман намедонам, ки онҳо гум шудаанд ё истироҳат рафтаанд. Ман танҳо ҳамин қадар медонам, ки фардо интихобот аст”.
Нарингул Дуйшоналиева, раҳбари лоиҳаи ҷилавгириӣ аз низои созмони “Эр айым” интихоботи раҳбари ҷамоат бори аввал барои он баргузор нашуд, ки бештари интихобкунандаҳо зидди ҳама раъй додаанд. “Баъди он ки интихоботи навбатӣ дар рӯзи 16 феврал таъин шуд, 11 вакили маҳаллӣ бедарак шуданд. Наздикони вакилон ин мавзӯъро шарҳ намедиҳанд. Онҳо чӣ ҳадаферо дунбол мекунанд? Инҷо бозии сиёсӣ идома дорад. Маълумоти ин ки шаш нафари онҳо дар Тоҷикистон ҳастанд, тасдиқ шуд. Ба гумони ғолиб онҳоро ба “Баҳористон” фиристодаанд, то бо ин роҳ интихоботро бекор кунанд. Кормандони мақомоти амният ҳам дар ин робита санҷиш мегузаронанд. Бояд ҳамаи онҳо оварда шаванд ва интихобот баргузор шавад”,-гуфтааст Дуйшоналиева.
Дар кенеши Шарқ (маҷлиси маҳалии вакилони ноҳияи Қара-Суй) 31 вакил ҳаст.