Рустами Эмомалӣ раиси Кумитаи тадорукоти Фестивали бозиҳои миллӣ
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мешавад.
Дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, консепсия, нақшаи омодагӣ ва тартиби баргузории мусобиқаҳо тасдиқ гардида, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон раҳбари Кумитаи тадорукоти он таъин гардидааст. Ба иттилои манбаъ, марҳилаи аввали фестивал аз 21 то 25 март дар заминаи таҷлили ҷашни Наврӯз аз рӯи 8 намуди варзиш, 10 намуд бозиҳои намоишӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои кишвар доир мегардад: “Намудҳои миллии варзише, ки аз рӯи онҳо мусобиқаҳои даставӣ дар ҷашни Наврӯз баргузор мегарданд- гуштиь ё гуштии миллии суннатӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200,400,800 метр) шатранҷ ва бандкашӣ мебошанд”.
Манбаъ афзуд, “ҳамчунин дар оғози фестивал намудҳои намоишӣ, монанди хурусҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, биҷилбозӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ, камонғулак, фалағмолпартоӣ, ҳойталак, бандпарак пешбинӣ гардидаанд”.
Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила, маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ доир хоҳад шуд. Ҳадаф аз роҳандозии фестивалро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ “эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас” унвон кардааст.