Бонки ҷаҳонӣ: Тоҷикистон ба таъсиси шумораи бештар ва сифатан беҳтари шуғл ниёз дорад (ИНФОГРАФИКА)
Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, таъсис додани ҷойҳои корӣ дар афзалиятҳои рушди Тоҷикистон бояд мавқеи марказиро ишғол намояд.
Ин ниҳоди молӣ дар гузориши ахири худ ба зарурати афзалиятдиҳии таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои дастёбӣ ба ҳадафҳои рушду коҳиши сатҳи фақр таъкид кардааст. Дар ин гузориш, ки бо номи “Ташхиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон: Барномаи стратегии ташкили ҷойҳои нави корӣ” дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ нашр шудааст, мушкилоти асосии алоқаманд бо таъсисдиҳии ҷойи нави корӣ, ки кишвар бо онҳо рӯбарӯаст, таҳлил гардида, тавсияҳо оид ба стратегияи мусоидат ба ташкили шумораи бештари ҷойҳои нави кории сифатан беҳтар бо ҷалби занон ва ҷавонон, оварда шудаанд. “Ташхис намудани таъсисдиҳии ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон ҳуҷҷати саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мешавад, азбаски дар он масъалаи таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии афзоишёбандаи Тоҷикистон муҳокима мегардад”,- гуфтааст Патрисия Виверс-Картер, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ, Бонки ҷаҳонӣ дар рушди бахши хусусӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳамчун унсурҳои муҳими коҳишдиҳии сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии умумӣ ёрӣ кардааст. Бар асоси гузориш, дар шароити бо суръати баланд афзоиш ёфтани қувваи корӣ, бахусус аҳолии афзоишёбандаи ҷавон дар кишвар, иқтисодиёти Тоҷикистон шумори кофии ҷойҳои нави кориро таъсис намедиҳад. Дар натиҷа, дороии арзишмандтарини он – сармояи инсонӣ ба таври кофӣ истифода намешавад.
Ба омори Бонки ҷаҳонӣ, аз шумори умумии аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон, танҳо 43% бо кор таъмин мебошанд, ки ҳиссаи ҷавонон ва занон хеле ночиз аст. Бахши хусусии расмӣ, ки манбаи муҳими ҷойҳои кории босифат маҳсуб мешавад, дар Тоҷикистон хуб рушд наёфтааст: “Шуғли расмии музднок дар бахши хусусӣ танҳо 13%-и шумори умумии аҳолии машғулбударо ташкил медиҳад, дар ҳоле ки ҳиссаи соҳибкорони эҳтимолӣ, ки барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ талош мекунанд, хеле паст буда, дар сатҳи 11,8% қарор дорад. Ин ҳама аз маҳдудиятҳои назаррас барои оғоз намудан ва бурдани фаъолияти соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад. Аксарияти ширкатҳои дар бахши хусусии расмӣ мавҷудбуда хурд ва ҷавон мебошанд ва чунин ба назар мерасад, ки онҳо бо мушкилот ё омилҳои боздорандаи рушд рӯбарӯ мешавад”.
Виктория Строкова, иқтисоддони Бонки ҷаҳонӣ ва ҳаммуаллифи гузориши мазкур изҳор дошта, ҷиҳати рафъи мушкилиҳо ва беҳтар намудани натиҷаҳои таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон тавсияҳо ироа шудаанд: “Тавсияҳои мазкур бар таҳлил дар ташхиси ҷойҳои корӣ асос ёфта, ба ҳаҷми бузурги кори иловагӣ, аз ҷумла машваратҳо бо намояндагони ҳукумат, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор, такя мекунанд”.
Айни замон, Бонки ҷаҳонӣ 23 лоиҳаро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад, ки маблағи умумии онҳо 369,3 миллион долларро ташкил медиҳанд. Лоиҳаҳои мазкур ба дастгирии афзоиши иқтисодӣ аз ҳисоби рушди бахши хусусӣ дар баробари сармоягузорӣ ба беҳтар намудани хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба аҳолӣ, ба монанди дар соҳаи маориф, тандурустӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, равона шудаанд.