Душанбе: Шикояти волидон аз ғорати гӯшворҳои қимати духтарчаҳо
Волидони кӯдакони хурдсол дар шаҳри Душанбе ба мақомоти пулис шикоят бурдаанд, ки духтарони хурдсол дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳадафи ғорат қарор мегиранд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ волидон арз доштаанд, ки ҳамлакунанда бо зӯрӣ гӯшворҳои қимати духтарони хурдсолро ситонда, фирор мекардааст: “Ҳамлакунанда аз ҷумла 26-уми декабри соли 2016 дар кӯчаи Неъмат Қарабоев аз гӯши духтарчаи 9-солаи сокини шаҳри Душанбе як ҷуфт гӯшвори тиллоӣ, ки арзишаш 1 ҳазору 200 сомонӣ, 10-уми феврали соли ҷорӣ дар кӯчаи Қосимов гӯшвори тиллоии духтарчаи 8-соларо, ки арзишаш 1000 сомонӣ ва аз духтарчаи 10-солаи сокини пойтахт, гӯшвори арзишаш 800 сомониро тасарруф намудааст”.
Манбаъ афзуд, дар пайи чорабиниҳио оперативӣ муттаҳам дар ин ҷиноятҳо зани 27-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт гардид, ки қаблан бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст: “Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад”.