Гузориши додситони кул дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ дар мавриди иҷрои дурусти қонунҳо дар кишвар ҳисобот медиҳад. Дар ин бора аз палатаи болоии парлумон ба “Озодагон” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 16 феврал додситони кул дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллӣ оид ба назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди кишвар дар соли 2016 гузориш хоҳад дод. Юсуф Раҳмон соли гузашта ба Маҷлиси миллӣ дар бораи ошуби Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим, ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, даст задани кормандони бонкҳо ба мубодилаи ғайриқонунии асъор ва дигар ҳолатҳои нақзи қонун дар кишвар гузориш дода буд.
Манбаъ мегӯд, интизор меравад дар ҷаласа аъзои палатаи болоии парлумон ҳамчунин қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намоянд.