ВАО: Муҳоҷири тоҷик аз ошёнаи 19 афтидааст
Як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 19-и сохтмони биное дар дар ноҳияи Приморски Санкт-Петербург афтидааст.
Торнамои “Оперативное прикрытие” менависад, ин ҳодиса шоми 12 феврал дар хиёбони Королева ба вуқӯъ пайвастааст. Муҳоҷири тоҷик, ки дар яке аз ширкатҳои сохтмонӣ кор мекардааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Дар назди сохтмон ва атрофи он дурбинҳои назоратӣ насб нашудааст”.
Ин нахустин ҳодисаи сарозер шудани муҳоҷирони тоҷик аз сохтмони биноҳо дар Русия нест. Дар гузашта низ даҳҳо хабари ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи афтидан аз сохтмонҳо расонаӣ шуда буд.
Бино ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба як миллион мерасад ва бештари онҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд.