Ошкор шудани “Тойота ленд Крузер-200”-и қочоқӣ дар марз бо Афғонистон
Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани як “Тойота ленд Крузер-200”-и қочоқӣ хабар додааст.
Торнамои Хадамоти гумрук мегӯяд, арзиши ин мошин 480 000 сомонӣ буда, онро Султон Муҳаммад Наим, шаҳрванди Афғонистон идора мекардааст. Ба иттилои манбаъ, мошин дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҳоле нигоҳ дошта шудааст, ки ба самти сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаракат мекард: “Автомобили мазкур рангаш сиёҳ, соли бароришаш 2016, рақами қайди давлатиаш Н842 СО 0777 аст”.
Хадамоти гумрук меафзояд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ маълум гардид, ки автомашинаи мазкур аз тарафи шахсони номаълум, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ва ба таври қочоқ ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст: “Феълан оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаи 289 қисми 1 (қочоқ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст”.