Мулоқоти Ҳамачек бо Эмомалӣ Раҳмон ва Убайдуллоев
Ян Ҳамачек, раиси Палатаи намояндагони парлумони Чехия, ки дар Душанбе қарор дорад, 10-уми феврал бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ян Ҳамачек густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, маориф ва туризмро баррасӣ намуданд.
Ба гуфтаи манбаъ дар мулоқот мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва иштироки фаъол дар беҳбуди вазъи сиёсию низомии Афғонистон баррасӣ гардидаст.
Ҳамачек 10-уми феврал инчунин бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев имконияту дороиҳои кишварро, хусусан иқтидорҳои зиёди энергетикию агросаноатӣ ва сайёҳиро муаррифӣ намуда, таъкид дошт, ки истифодаи зарфияти сармоягузориҳои чехӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, қабл аз ҳама истеҳсоли дастгоҳҳо, инчунин таҷҳизоти энергетикию маҳсулоти кимёвӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири нассоҷию чармӣ, таҷдиди системаи энергетикӣ, саноати тиббию дорусозӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои молиявию бонкӣ, омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисон ва мененҷерҳо дар бахши соҳибкории хурду миёна, ташкил ва баргузории ярмарка-намоишгоҳҳо, семинарҳо оид ба табодули таҷрибаи коршиносони масоили иқтисодӣ ва рушди сайёҳӣ мувофиқи мақсад мебошад. “Таъкид гардид, ки таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чехия дар доираи сиёсати пешгирифтаи сарони ду кишвар дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар ин равобит роҳандозии нерӯи парламентарҳои кишварҳо баҳри фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба таҳкими робитаҳои гуногунҷабҳаи ҳасана ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд”.
Ҷонибҳо саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб, амсоли терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташакилона, гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддирро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.
Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот зикр гашт, ки бо инобати узвияти Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва оғоз шудани сарҳади ҷанубии ин созмони бонуфуз аз марзҳои кишвари мо, масъалаи ҳифзи сарҳади Афғонистону Тоҷикистон ва бо ин мақсад баҳри бо таҷҳизоти муосири техникии сарҳадбонӣ ва таъмини шароитҳои моддию фаннии сарҳадбонон сафарбар кардани имкониятҳои Ҷумҳурии Чехия низ амри воқеӣ мебошад.
Ян Ҳамачек изҳор доштааст, ки парлумони Чехия барои ҳамкории боз ҳам судманд бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошад ва талош меварзанд бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштаашон баҳри тақвияти бештари ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳои муаррифишуда тадбирҳои мушаххасро анҷом диҳанд.