Шарҳи сафири Аврупо дар бораи боздошти Кабирӣ: Дар сатҳи боло гуфтугӯ доштем
Ҳидоят Бишчевич, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон талаби мақомоти тоҷик ва бархе аз ҷавононро барои боздошту истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро шарҳ дод.
Бишчевич 10-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо барои истирдоди Муҳиддин Кабири раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ масъулият надорад.
Ба гуфти Ҳидоят Бишчевич дар мавриди Кабирӣ агар иттилои дақиқе бошад, ки ӯ дар кадом кишвари аврупоӣ паноҳ бурдааст, ҷониби Тоҷикистон бояд мустақиман ба ҳамон давлат муроҷиат кунад, зеро аз рӯйи асосҳои ҳуқуқии фаъолият Иттиҳоди Аврупо дар ин замина масъулият надорад. Сафир афзуд, ки онҳо дар мавриди Кабирӣ бо ҷониби Тоҷикистон дар сатҳҳои хеле баланд гуфтугӯ намудаанд ва мавқеи худро изҳор доштаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан як гуруҳ, ки худро ҷавонони фаъол муаррифӣ мекарданд, борҳо бо баргузории ҳамоиши эътирозӣ дар назди бинои дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе боздошт ва истирдоди Кабириро талаб карданд.
Ахиран Ҷамшед Мирзохонзода, сардори раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон аввали моҳи равон гуфт, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Кабирӣ таҳти муҳри махфӣ ҷараён дорад: “Ӯ дар кофтукоби байналмилалӣ мебошад. Бо мақомоти дахлдор ҳамарӯза гуфтушунид сурат гирифта истодааст. Агар иттилое дар мавриди боздошти Кабирӣ ё ягон узви ҳизб пайдо шуд, мо ВАО-ро огоҳ хоҳем кард”.
Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ илова намуд, он рӯз дур нест, ки Кабирӣ ва дигар афроди мавриди пайгард барои ҷиноятҳои содиркардаашон дар назди қонун, миллат ва давлат ҷавоб хоҳанд дод.
Муҳиддин Кабирӣ баъд аз интихоботи парлумонии соли 2015 ба хориҷи кишвар сафар кард. Моҳи сентябри соли 2015 дар пайи исёни генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиа фаъолони ҲНИТ боздошт шуда, Додгоҳи олӣ онро террористӣ эълон кард.