Ҳушдор аз тармафароию яхбандӣ дар роҳҳои Тоҷикистон
Обуҳавошиносони тоҷик аз ҳавои номусоид дар рӯзҳои истироҳат-11-12-уми феврал ҳушдор доданд.
Тибқи иттилои обуҳавошиносон дар ин рӯзҳо боришот, эҳтимоли фаромадани тарма ва яхбандӣ дар назар мебошад.
IRS-ширкати роҳбони масири Душанбе-Чаноқ низ бо такя ба пешгӯии обуҳавошиносон аз хатарҳои нав дар ин роҳ ҳушдор додааст.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи тармафароиҳои охир дар Тоҷикистон 13 нафар ҷон додаанд: “Аз ҷумла бар асари офати табиии ахир дар ноҳияи Варзоб 9 нафар, 3 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як нафар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расиданд”.